Дар тариқи ишқ ҳар ҷо майгузорӣ по , сараст
Мавҷи ин водии раги ҷон , реги ин саҳро сараст
Аз муҳӣти офариниш чун наёяд буии хӯн ?
Ҳар ҳубобиро ки май бинии дарин дарё сараст
Нест дастӣ дар гиребони чоки гардондани маро
Чун сабуи дасти марои пайванди улфат бо сараст
Аҳли дунёи молро доранд беш аз ҷони азиз
Аз сари дастор ҳар кас бугзарад ӣнҷо сараст
Мӯи шикофиро ривоҷӣ нест дар бозори ишқ
Ҳар ки сар аз по намедонад дарин савдо сараст
Тахти мо афтодагӣу лашкари мо бе касе
Ҷавҳар зотӣаст теғи моу тоҷ мо сараст
Иштиҳои комил чу шуд , хӯни неъмати алвон буд
Чун гарон шуд хоб , соиби болаш хоро сараст