Гӯш бе дардони гарон аз хоб бошад беҳтар аст
Ин садафи пари гавҳар симоб бошад беҳтараст
Рутбаи хӯбии ду боло мешавад аз чашми пок
Сарви мавзун дар канор об бошад беҳтараст
Оби чашм аз домани покон ба ҷое ме расад
Шамъ агар дар гӯша миҳроб бошад беҳтараст
Сарв беҳосил агар аз ҷо нахезад гӯи мхиз
Пои чубин дар ҳиноӣ хоб бошад беҳтараст
Бениёзӣ мешавад банди забони ҳарзаи гӯ
Хори домангир агар сероб бошад беҳтараст
Шабнамӣ каз ҷуръаи гулҳо хумораш нашканад
Толиби хуршед ъолмтоб бошад беҳтараст
намекашад сари риштаи ҷавлон ба дарёи сайл ро
Кори ошиқ бо дил бетоб бошад беҳтараст
Шҳпри парвоз ҳам бошанд равшани гавҳарон
Бистару болини мавҷ аз об бошад беҳтараст
Бо дили равшан чаҳ бигушоед зи тақрири забон ?
Шамъ агар хомӯш дар маҳтоб бошад беҳтараст
Доғи мо соиби ҳарифи чашми шӯр халқ нест
Ҷомӣ май дар ҷоми мо хуноб бошад беҳтараст