Дар хами он зулфи дилҳоро сурӯд дигараст

Шуълаи овозро дар шаб намӯд дигараст

На лаб аз гуфтан хабар дорад на гӯш аз истимоъ

Дар миёни аҳл дил гуфт ва шунӯд дигараст

Ҳарфи соили сабз кардан гарчи бошад аз карам

Ҳифзи об рӯй аҳли фақр ҷӯад дигараст

Дар тариқат ҳастӣ ҳар кас ба қадар нестӣ аст

Бевуҷӯдонро дарин девон вуҷӯд дигараст

наме тавон як умри пӯшидан ки бошад тозаи рӯ

Кисвати урёни таниро тор ва пуд дигараст

Чашми бад бисёр дорад дар камӣни озодагӣ

Тавқи қамарии сарвро чашм ҳасуд дигараст

Гарчи дорад судҳо осӯдагӣ аз боҷу харҷ

Дар зиёни гаштани шарики халқ суд дигараст

Ҷой ҳар санги маломат бар тани маҷнӯни ман

Бахти носоз дигар , чарх кабӯд дигараст

Зинда мегирданд аз гуфтор ӯ длмрдгон

Калаки соиби Исфаҳонро зинда равад дигараст