Ҳасанро бо бе қаророни гир ва дор дигараст

Меҳрро ҳар заррае ойӣна дор дигараст

Мастии чашм ғизолон нашканад моро хумор

Чашми Лайлии дидаи моро хумор дигараст

Ба ки баргардад ба Миср аз роҳ , буии перҳан

Дидаи ёқӯби моро интизор дигараст

Гарчи аз санги маломати кӯҳ аз ҷо ме равад

Ошиқонро лангари сабр ва қарор дигараст

Пеши бут ҳар чанд бошад кофари аслии азиз

Дайн ба ғорат додагонро эътибор дигараст

Сайл маъзӯраст агар манзил намедонад ки чист

Баҳрро ҳар мавҷи оғӯш ва канор дигараст

Лашкари бегонаро дар кишвари мо роҳ нест

Малики мо зеру зибр аз шаҳсавор дигараст

Гарчи дар зиндони азлат ме тавон осӯда зист

Бо замини ҳамвори гардидан ҳисор дигараст

Ҳар раги сангии паии озори мо девонагон

Дар кафи атфол , набз беқарор дигараст

Аз лаби сероб ӯ умедвори бӯса ро

Ҳар ҷавоби хушк , теғ обдор дигараст

Танги чашмони дом дар роҳ ҳумо ме густаранд

Доми моро чашм бар роҳ шикор дигараст

Пеши он кас каз дил гармаст дар оташи мудом

Ҳар дами сардии насим навбаҳор дигараст

Захм аз марҳами гуворотар буд бар орифон

Рахна дар зиндон ба аз нақш ва нигор дигараст

Нест содиқи дашти паймои талабро тишнагӣ

Варна ҳар мавҷи саробӣ ҷӯйбор дигараст

Гарчи соиби нозук афтодааст он мӯии миён

Фикри мо нозуки хаёлонро айёр дигараст