Ҳасани болодастро ҳар рӯзашон дигараст

Шуълаи ҷонсӯзро ҳар дам забон дигараст

Аз май равшани сафоӣ ҷом мегардад ҳиҷоб

Варна ҳар ойӣнаи рӯ , ойӣна дон дигараст

Чеҳраи гули пардаи рухсори гулранг касе аст

Сарви бустони ҷомаи сарв равон дигараст

Чашми кӯтаҳи байн ба ғӯри кор натавонад расед

Варна ҳар шабнами муҳӣт бекарон дигараст

Олами осӯдагони доим буд бар як қарор

Бе қаророни туро ҳар дам ҷаҳон дигараст

Қибларо чун тоқи нисён аз назар афканда ем

Саҷдаи мо ршинос остон дигараст

Гарчи ҳифзи ҳақи ҷаҳонро дида бонӣ ме кунад

Оҳӯони даштро ваҳшат шубон дигараст

Чун Сикандари даст шустан аз зулоли зиндагӣ

Бениёзонро ҳаёт ҷовдон дигараст

наметаровад гарчи аз ҳар хори шукри навбаҳор

Сабзаи наврустаро теғ забон дигараст

наме тавон рафтан ба пои илм бар боми хирад

Осмони маърифатро нардбон дигараст

Аз таҳаммули душман хунхор мегардад далер

Шишаи ҷонии теғро санг Фсон дигараст

Ин ҷавоби он ғазали соиб ки мулло гуфта аст

Лаб фурӯ бандед ковро ҳамзабон дигараст