Ҳар нигоҳи ҳасрати ушшоқ оҳ дигараст

Дар дил ҳар қатраи ашкӣ нигоҳ дигараст

Дар бисоти ман зи тороҷи нигоҳи аввалин

Ним ҷонии монда , мавқуф нигоҳ дигараст

Дар дил ҳар зарра аз кўчкдлии хуршед ро

Пеши чашми хурдаи байнони ҷилва гоҳ дигараст

Гарчи дар роҳи муҳаббати як қадам бечоҳ нест

Ҳамчуи Юсуф дар таҳ ҳар чоҳ моҳ дигараст

Ақл бошад дар тариқи каъбаи муҳтоҷи далел

Ишқро ҳар мади оҳӣ шоҳроҳ дигараст

Саҷдаи абрӯии хубони наъли ворун ман аст

Варна рӯй дили маро дар қибла гоҳ дигараст

Даъвӣ дил нест қобил , варна дар исботи он

Хол меҳр дигарасту хат гувоҳ дигараст

Ҳар қадар мақбул бошад узр дар девони афв

Бе забонии муҷримонро узрхоҳ дигараст

Гар ба ёр ва дӯст бошад соиби астзҳори халқ

Биксонро бе касе пушт ва паноҳ дигараст