Чашмами зи гиряи дили ноком равшан аст

То мечакад з шиша мем , ҷом равшан аст

Бар турбати гирифтаи димоғони ҳиҷр ӯ

Доими чароғи равғани бодом равшан аст

Шамъи ҳаёти субҳдам аз ҳар ки шуд фано

Дидам ба ҷой ӯ дгарии шом равшан аст

Сар то ба пои латофат маънӣаст қоматаш

Оре ки шуъларо ҳамаи андом равшан аст

Изҳори сӯзи дил ба забон эҳтиёҷ нест

Дар хона оташӣаст ки то бом равшан аст

Файзаш ба хос ва ом расад ҳар куҷо ки ҳаст

Онро ки ҳамчуи шамъи саранҷом равшан аст

Навбат расад шабӣ ба съидои бенаво

Имрӯз гарчи шамъи накӯном равшан аст