Ваъзи мо ногуфтанасту дарси мо нохондан аст
Роҳи мо норафтану бунёди мо афтодан аст
Дарба дар чанд аз паии рӯзӣ рӯй эй бе хабар
Пеши ҳиммати санг хӯрдани беҳтар аз нон хӯрдан аст
Аз бахилони даври шӯ ҳарчанд таъзимат кунанд
Морро нармӣ ба паҳлуи сахтӣ ҷон кандан аст
Нафасро тобеъ шудан чун подшоҳ бе хирад
Ихтиёри худ ба дасти марди золим додан аст
Ҳар ки аз олам равад бе заҳмати ҳирсу риё
Зоҳираш маргаст дар ботини зи модар зодан аст
Чист май донеи съидои рамзи миъроҷи набӣ
Доман аз ин хокдон бемаслиҳат афшодан аст