Пой бар наргис наҳодӣ чашми булбул тоза шуд
Шохи сунбулро шикастии хотири гул тоза шуд
Он қадар дар роҳи фақр ва нестӣ кардем сабр
То қаноат сабз гардиду таваккул тоза шуд
Шаби сухан аз печиши он зулф омад дар миён
Хотири маҷрӯҳи моро доғи кокул тоза шуд
Бо ҳилоли ид ишорат кард сӯии ҷом май
Ошиқонро захми шамшери тағофул тоза шуд
Даии ҷаҳони ороу шҳроро ба ёд омад маро
Дили съидо аз хаёли шаҳри кобул тоза шуд