На ҷонони куштаашро аз пай назора ме ояд
Ки хуршеди қиёмат аз барои чора ме ояд
Садои соҳиби дил , аҳли ғифлатро кунад воқиф
Ки зи овози ҷарас гум гашта овора ме ояд
Магар дар парда корӣ карда оҳ [ ва ] нолаи булбул
Ки гул аз пардаи берун бо дил сдпораҳ ме ояд
Нигоҳаш бохабар гирданд аз маҳшари хилоиқ ро
Чун аз худ бехабар аз хонаи он михўораҳ ме ояд
Кафан дар чашми ғофил перҳан бошад ки тобуташ
зи нодонии сбиро дар назар гаҳвора ме ояд
Барадгар бе хабари дилро зи дасти мардуми чашмам
Аҷаб набӯд ки аз ин беш аз он макора ме ояд
Магари даст таъаддӣ карда болои панҷаи хуршед
Ки субҳ аз ҷониби машриқ , гиребон пора ме ояд
Шаҳидонро даҳони захм аз хӯни баста кӣ гардад
Ки сайли хӯни зи чашм хӯн фишон ҳамвора ме ояд
зи сахтиҳои толеъи кӯҳкан дил кунад аз ҷонаш
Ки ҳрдми тешаро дар пеши санг хора ме ояд
Магари сайли ҳаводиси бози рӯ бар куштагон дорад
Ки ҷои оби хӯн аз дида фаввора ме ояд
Машав эмин аз он боло ки дорад фитнаҳо бар сар
Бало аз осмони нозил чу шуд якбора ме ояд
Макун бо нафаси худ ҳиялат ки ӯ дар ҳила устод аст
Ба ҷузи тавфиқи кас кӣ бас ба ин аммора меояд ?
намехоҳам съидои чорае аз кас ки ме донам
Масеҳо аз алоҷи дарди ман бечора ме ояд