Аз дами теғи ғам ӯ ҳар нафас хӯн ме хӯрам
Кас намедонад ки ман ин бодаро чун ме хӯрам
Ҳиммати олӣ ба мурдани ташнаи лаби розӣ тар аст
Косаи обӣ ки ман аз даст Ҷайҳун ме хӯрам
Дар дили шӯридаи ман қӯт шодӣ намонад
Баси шикаст аз лашкари ғам дар шаб хӯн ме хӯрам
Такяам то гашта ҳиммат , фикр бас гардӣда пок
Хирқа мавзун кардаам дар фақр ва мазмун ме хӯрам
Ин пушаймонӣ надорад суд соқӣ ме биор
Чун нахурдам пеш аз ин бад кардам акнӯн ме хӯрам
эй съидо аз шароби нобу лаъли коми бахш
Чун ту манъам мекунӣ ман баъд бечун ме хӯрам