Кӣ ҷафоӣ майу маъшуқау маҳтоби кашам
Ман ки хӯни ҷигари худ чу май ноби кашам
Назарами ташнаи абри карам кас нашавад
Ман ки аз чашмаи хуршед ба чашми оби кашам
Бениёзам кунад аз ҳар ду ҷаҳон дар оғӯш
Гар [ шабӣ ] қомати мавзуни ту дар хоби кашам
Манъам аз гиря макун носеҳ ва бигзор ки ман
Далқи олӯдаи худро ба кафани оби кашам
Як дамами чашми сиёҳи ту тараҳҳум накунад
Хешрогар ба дами ханҷари қассоби кашам
Паҳлуем дард кунад бскаҳ заъифаст вуҷӯд
Ба ҳаваси оҳ чу бар бистари санҷоби кашам
Наравад лиззати оғӯши ту аз ёди маро
Ҳар замони даст ба хамёза дарёб кашам
эй худои ҳалқа ба гӯш дар худ сози маро
Чанд чун ҳалқа дар гӯш ба ҳар боби кашам
Беш аз ин риштаи ҷон тоб надорад дигар
То ба кӣ ман ситами дасти расани тоби кашам
Гирдбодам нарасонид ба ҷои хоки маро
Беҳтар онаст ки ман рахт ба гирдоби кашам
Гарчи ёрами ҳама ҷо ҳаст дар оғӯши маро
Беҳтар онаст ки дар гӯшаи миҳроби кашам
Рахт ҳастӣ ба дар оварад съидо ба умед
Ки аз ин баҳри магар гавҳар ноёб кашам