Ба ҳар чаман ки висоли туро хаёл кунам

Чун гул ба хӯни ҷигари ранги хеш ол кунам

Ба сад забон нашавад иштиёқи ман зоҳир

Чу гул ба боди сабогар баён ҳол кунам

Чунон хаёли ту ҷо кардааст дар ҷонам

Кигар ба хеши биёями туро хаёл кунам

Умед ҳаст зи лутфи худоӣ бе ҳамто

Ки қасру хонаи бадхоҳ поймол кунам

Ба сари ман ки забони хаёл муҳаррам нест

Ба хомаи ду забон , чун баён ҳол кунам

Биор бода ва бо мӯҳтасиб бигӯ чун аст

Ки хӯни душмани дайнро ба худ ҳалол кунам

Умед ҳаст съидои зи лутфи ҳиммати дӯст

Ки умри боқии худ сарф дар висол кунам