Олами тамоми як назараст ва надида ем

Ин мурғи зери бол ва параст ва надида ем

Ғофил нишастаем зи шамшери бози даҳр

Гуё ба пеши рӯ сипараст ва надида ем

Аз баси хаёл рӯй ту ҳайрат фузуда аст

Чун нури дида дар назараст ва надида ем

Моро ҳадиси дӯст ба даст фироқ дод

Хуши ваъдаҳо ки дар хабараст ва надида ем

Он кас ки даст бар сари ҳамён ниҳода аст

Дар зери бор то камараст ва надида ем

Чун мардуми ду чашм дар ин такяи гоҳ , ёр

Бо мо ҳамеша сар ба сараст ва надида ем

Гардӣдаем ҷумла вале рӯй ёр ро

Аз меҳри бараҳна тараст ва надида ем

Сӯии бути замонаи съидо ба саҳви ҳам

То гарданаш дар об зараст ва надида ем