Чигуна кас кунад ором дар сарои ҷаҳон

Ки кардаанд ба обу ҳавои баннои ҷаҳон

Чу нолае ки марӣзӣ кунад ба ҳолати назъ

Ба гӯши ҳуш чунон мерасад садои ҷаҳон

Кабӯд гашта фалаки бскаҳи пушт по зада анд

Гузаштагони раҳи ишқ бар қафои ҷаҳон

Чу гандумем дар ин Асияи фитода ба рақс

Вагарнаи ҷой тараб нест тангнои ҷаҳон

Чисон кунад зи ҷаҳони дил ба вақт ҷон кандан

Ҳар он ки бастаи дили худ ба нақшҳои ҷаҳон

зи бскаҳ фӯт шуд авқоти мо дар он мотам

Кабӯд карда ба бар осмон , қабои ҷаҳон

зи табъи арзи кудурат чисон равад ки замин

Фитодааст ғубории зи гирди пои ҷаҳон

Нишаста рӯзу шабам бо худои худ машғӯл

Якеаст гарчи худои ман ману худои ҷаҳон

Муносибат ба ту баси ин қадари съидо ро

Ки подшоҳи ҷаҳонии ту ӯ гадои ҷаҳон