Надидаи соҳиби маънӣ ба рӯзгори сухан
Ғариби ҷузи ман афтода дар диёри сухан
Забони зи ҳарфи баду неки он чунон бастӣ
Ки гаштааст ақиқи ту меҳрдори сухан
Чу чашми ман ба ҷамоли ту гӯши пораи чарх
Кашад зи лаъли ту то ҳашар , эътибори сухан
зи хати пушт лабат шуд саводи ҳарфи аён
Ки гашта нуқтаи холи лабати мадори сухан
На ман зи шикваи сукутам ки мардуми чашмат
Гирифтааст зи дасти ман ихтиёри сухан
Накардаем ба каси дасти тамаъи хеши дароз
Ки додааст худои нақд бе шумори сухан
зи хоксории худ бо ту арза ме кардам
Мабод ҷой кунад дар дилати ғубори сухан
Тавон шинохти худ бо ту арза ме кардам
Мабод ҷой кунад дар дилати ғубори сухан
Тавон шинохти съидои қумош ҳар кас ро
зи лутфи маънии нозук ба эътибори сухан