Вуҷӯдамро бар оташ зад лақои гарми мавҷӯдӣ

Шудам кӯҳи таҷаллӣ аз нигоҳ серума олудӣ

На мо буд ва на ман будам на тан буд ва на ҷон будам

На хокӣ буд ва на обӣ на оташ буду неи дӯдӣ

Дар он ҷомеъ ки ман будам на масҷид буд ва на минбар

На дерӣ буду диёрӣ на соҷд буду масҷудӣ

Аз он дами ишқ май бозам ки дар ишқаш ниҳон будам

На ошиқ буду неи ориф на маърӯфӣ на мавҷӯдӣ

Хушо он нашъаи собиқ ки дар майхонаи ваҳдат

На май буд ва на ангурӣ на мақбулӣ на мардӯдӣ

Табоиъи баст чун сӯрат , таваллуд кард хоҳиш ҳо

Фаровонӣу арзонӣ на нуқсон буд ва на судӣ

Дар он баҳрӣ ки ман будам на гавҳар буд ва на моҳӣ

На дарё буду неи киштӣ на ворид буду мўрўдӣ

Гузашт аз ҳади съидои интизори ҷилваи он қад

Қиёмат мешавад охири валикин эй худои зӯдӣ