То шудӣ аз канор ман нест ҷузи ин ду ҳосилам

Ашки мудоми соғарами оҳи чароғи маҳфилам

Бо ту ҳалоки коми дил бе ту ҳаёти мушкилам

То ту ба хотири манӣ кас нагузашт брдлм

Мисли ту кист дар ҷаҳон то зи ту меҳри бугсалам

эй лмъоти талъатати нури чароғи дӯстӣ

Бе ту марои баҳори дай эй гули боғи дӯстӣ

Рафтӣ ва заҳр шуд марои шаҳди фироқи дӯстӣ

Ман чу ба охирати рӯми рафта ба доғи дӯстӣ

Доруии дӯстӣ буд ҳарчӣ бирӯяд аз гулам

Ҳиҷр рахт зад оташӣ дар неи устихони ман

Рӯй фалак сиёҳ шуд аз асари духони ман

Сӯзам ва ҳамчунон буд шавқи ту дар равони ман

МеРом ва ҳамчунон равад номи ту брзбони ман

Резам ва ҳамчунон зайди меҳри ту дар мафосилам

То ба сухани забони ман шарҳгар мақоли ту

То шудаи садри ҷону тани ҷойгаҳи хаёли ту

Моя зист ҷаҳд шуд дар ҳаваси ҷамоли ту

Ҳосили умр сарф шуд дар талаби висоли ту

Бо ҳамаи саъй агар ба худ раҳ надиҳӣ чаҳ ҳосилам

Бо ҳамаи фарти ҷустуҷӯ дар талаби ҳавои дил

Бо ҳамаи шарти гуфтугӯ дар талаби ҳавои дил

Хок ба чашми коми ҷӯ дар талаби ҳавои дил

Бод ба дасти орзӯ дар талаби ҳавои дил

Гар накунад муовинати даври замони мқблм

Рафт нишоти ҷовдон аз назарам ба ҷумлагӣ

Шавқи равону завқи ҷон аз назарам ба ҷумлагӣ

Торху қоматати ниҳон аз назарам ба ҷумлагӣ

Сарв бирафту бӯстон аз назарам ба ҷумлагӣ

наменаравад санавбарии бехи гирифта дар дилам

Теша ӣ шавқи ақрабои бех нишот ме кунад

Панҷа ӣ ҳиҷри авлиёи мех малол ме занад

Панҷаи сафойӣ аз куҷо бо ғам ӯ дроФкнд

Лашкари ишқи саъдёи ғорат ақл ме кунад

То ту дигар ба хештан занн набарӣ ки оқилам