Ёрони раҳи ишқ манзил надорад

Ин баҳри маввоҷ соҳил надорад

Тухми ғами ишқ дар мазраъи дил

Ҷузи дарду меҳнат ҳосил надорад

Ишқаст кории мушкил ки олам

Корӣ бад-инсон мушкил надорад

Борӣ ки ҳамлаш ноед зи гардун

Ҷузи мо заъифон ҳомил надорад

Чун мо набошем маҷнӯн ки Лайлӣ

Ғайр аз дили мо маҳмил надорад

Чун мо нигарадем парвонаи кони шамъ

Ҷузи маҷлиси мо маҳфил надорад

Мақтӯл ишқаст худ қотили худ

Ин кушта дар ҳашар қотил надорад

Ҳар кас набандад бар дилбарии дил

ё одамӣ нест ё дил надорад

Бо чашми ҳақи байни нақши ҷаҳони байн

Ин нақш ҳақаст ботил надорад

Ҷон сағираст бинои ҷонон

Аз дидае кон ҳоил надорад