Ба ту ҳайрон шудан аз чашм тар омӯхта ам
Равиши мардуми соҳиб назар омӯхта ам
Зон замонам ки падари барда ба мактаб то ҳол
Алифи қади ту зебо писар омӯхта ам
Ғайри ишқи ту ба олам чу надидам ҳунарӣ
Ҷаҳдҳо кардаам ва ин ҳунар омӯхта ам
Гар даҳуми боғи ҷинонро ба яке гандуми хол
Макунам айб ки кор падар омӯхта ам
Гаштаам бехабар аз хеш ва дар ин бе хабарӣ
Чаҳ хабарҳо ки ман бехабар омӯхта ам
Ту нёмўз ба ман сӯхтан эй парвона
Ҳар чаҳ бошад зи ту ман бештар омӯхта ам
Хешро сохтаам муҳтарам аз зардии рух
Ин тариқӣаст ки онрои з зар омӯхта ам
Сафарӣ кардаам аз олам ҳастӣ чу сағир
Ҳар чаҳ омӯхтаам зин сафар омӯхта ам