Гар ман аз таъни рақибони ту андеша кунам

Кӣ тавонам равиши ишқи туро пеша кунам

Ман ки дар хилвати дил бо ту ҳам оғӯш шудам

Дигар аз сарзаниши ғайр чаҳ андеша кунам

Бешаи ишқи ту манзилгаҳ ҳар рӯбаҳ нест

Ман ҳам аз ширдилии ҷой дар ин беша кунам

Тешаи ишқ бкФ дорам ва ҳамчун Фарҳод

Оқибати решаи худ қатъ аз ин теша кунам

Дгарони хӯни касон шиша кунанд эй зоҳид

Чун раво нест ки ман хӯни рузон шиша кунам

Карда ғами решаи сғирои бадалами соқии кӯ

То ки аз теша май қатъи ғам аз реша кунам