Вуруди ид ки ғам мезадуд аз дилҳо
Кунун фазояд моро бағами ғами дигар
Чигуна идии идӣ ки ҷои ҷомаи ид
Намӯд дасти аҷали халқро кафан дар бар
Чигуна идии идии чунон гарони мақдам
Ки ҳеҷ нест зи ёрони иди пори асар
Хулоса омадани ид дар чунин айём
Ҳаме ба дарди сроФзоиду бхўни ҷигар
Бидон намояди ин ид омадан ки ту худ
Гурусна бошӣу меҳмони дроидт аз дар
Гузашт ва мегузарад солии ончунон бар халқ
Ки нест чархи куҳани солро чу он баназар
Чигуна солии солӣ ки гӯиёи гандум
Шуда аст наҳй бар авлоди бўолбшр чу падар
Ва ё ки хӯрд чу ӯ дар биҳишти гандум ро
Кунун кашанди бадунёи зи насл ӯ кайфар
Чигуна қаҳтии нҳтӣ ки лолаи рӯйон ро
Қарини брки хазони гашти оризи аҳмар
Чигуна қаҳтии қаҳтӣ ки маҷмаъи ушшоқ
Зиҳам намӯда парешон чу турраи дилбар
Чигуна қаҳтии қаҳтӣ ки аз тиҳии дастӣ
Брҳн мебиниҳоданд май кашони соғар
Ҳазор ва сесад ва сӣ буд ва шаш пас аз ҳиҷрат
Сағир кард рақами ин қазия бар дафтар