Чун шодӣ беғам ба ҷаҳон ёд надорам
Дилшод аз инам ки дил шод надорам
Ёди он шаҳи чинӣ ки диҳад дод надорам
Аммо чу ту бедодгарӣ ёд надорам
Он рӯз кадомаст ки бе он лаби ширин
Сад рашк ба нокомӣ Фарҳод надорам ?
Ойина гирифт аз кафи машшотау гуфто
Миннати зи ту бо ҳасан худодод надорам
Акнӯн ки з фарёд диҳад дод заъифон
Аз заъф дигар қӯт фарёд надорам
зи онкас ки нанолад чу ( саҳоб ) аз ту бахотир
Дар хайли ту аз банда ва озод надорам