Бар ман ҳавои базми ту бисёр ғолиб аст

Бо толеъӣ ки аз май тавфиқ тоиб аст

Хубон ба хотир ончӣ расонанд , ме расад

Бутро зи даъвӣӣ ки кунад ҳақ ба ҷониб аст

Натавон намӯд нақши турои ончунон ки ҳаст

Ойӣнаи пеш рӯй ту чун субҳ козиб аст

эй дил намонда хайр ба колои ошиқӣ

Ҷуз дар матоъи обилаи кони мол косиб аст

Бар гирди хирмани дгарони хӯшаи чини ним

Дуздида нест гарчи матоъам муносиб аст

Девон кист аз суханонами тиҳии салим ?

Танҳо на бар ман ин ситам аз даст соиб аст