Биё ки суҳбати мурғони бӯстон гарм аст

Шукуфта шуд гулу бозори боғбон гарм аст

Фиреб чун гул раъно намехӯрам зи баҳор

Дарин чаман ки марои пушт бар хазон гарм аст

Нафас чигуна занами пеш ӯ , чунин ки маро

Чу шуъла аз таҳи дил то сари забон гарм аст

Ба раҳгузори ту раҳмаст додхоҳон ро

Ки ҳамчуи барқ , саманди турои Аннан гарм аст

зи ғорат чаман омад нишон ба маҷлиси ту

Гули чароғи ту дар чашми булбулон гарм аст

Чаҳ зуд рафт зи хотири турои насиҳати мо

Ҳануз ҷои сухан бар сари забон гарм аст

Барои сӯхтанами нағма оташӣ дорад

Ки пушт чун дафи мутриби маро ба он гарм аст

Ҳумои зи давр ба ман мекунад назарбозӣ

Пас аз вафоти марои бас ки устихон гарм аст

Ба сарду гарми ҷаҳони хотирот чу розӣ шуд

Тамоми умри турои оби сарду нон гарм аст

Буруни зи хонаи Марв , вазъ рӯзгор бибин

Чамани хунак шудау кунҷи ошён гарм аст

Алоҷи худ матлаб аз табиби ишқ эй дил

Таби ту гарм ва давоҳои ин дукон гарм аст

Салими маҳфил ишқаст ин , ки аз мисатон

Касе намондау ҳангома ҳамчунон гарм аст