Ман ташна ӣ он чашма ки обаши ҳама хӯн аст
Саргарми сабуе ки шаробаши ҳама хӯн аст
Мастӣ ки кунад айши зи паҳлавии дили мо
Танҳо на шаробаш , ки кабобаши ҳама хӯн аст
Соқӣ бидиҳ он ҷом ки чун шаҳди муҳаббат
Аз лаб чу фурӯрафт шаробаш , ҳама хӯн аст
Дар роҳи ту бар ҳар лаби ҷӯӣ ки расидам
Чун ҷадвали захми дилами обаши ҳама хӯн аст
Бар асби ҳинои бастаи зи нахҷӣр фикандан
Сайёди маро то ба рикобаши ҳама хӯн аст
Чун мавҷ , салимаст дар андоз канорӣ
Зини баҳр ки дар ҷоми ҳубобаши ҳама хӯн аст