Бозам аз захми хадангаш дар дилу ҷон оташ аст
Новак ӯро магар чун шамъ , пайкон оташ аст
Хокро аз ашки ман пурхӯн буд доими канор
Чархро аз оҳи ман дар зери домон оташ аст
Аз фурӯғ ӯ ба гирдоби хатар афтода аст
Киштии ойӣна аз мумасту тӯфон оташ аст
Барқи оҳ аз ҳол мо созад батонро бохабар
Нома ӣ ошуфтагон ҳамчун нигаҳбон оташ аст
Аз гулистони ту ҳар каси гул ба доман май барад
Ҷои гул чун шамъи моро дар гиребон оташ аст
Дар ҷаҳон пинҳон намонад ҳеҷ корӣ дар либос
Ишқ дар таҷред ҳамчун дар биёбон оташ аст
Ошиқонро дар бисоти дил ба ғайр аз оҳ нест
Ин чунин бошад , дар отшхонаҳи сомон оташ аст
Чун ҷавонӣ рафт , магзар аз май гулгуни салим
Бода дар перӣ чу дар вақти зимистон оташ аст