Гар ошиқӣ , аз гунаҳ чаҳ бок аст
Хуршед ба ҳарчӣ тофт пок аст
Доғи дилам аз ғубори хотир
Чун ҳалқа ӣ дом , зер хок аст
Ҳарҷо бархест сарсари ишқ
Онҷои ду ҷаҳон , ду мушт хок аст
Нисбати азалӣ агар набошад
Чун нахли кадуи шабиҳ токаст ?
То чанд гиреҳ занем чун дом
Бар парда ӣ дил ки чок чок аст
Лайлӣ ҳар чанд он қадар нест
Маҷнӯни з барои ӯ ҳалок аст
Сад ҷома агар чу гул бапушам
Дар ним нафас , тамом чок аст
Нохуни ҳамаи кас салим дорад
Гар сина намекунад чаҳ бок аст