Ҳамаи тани хӯни дили ман ҳамчуи даҳон захм аст

Ҳамаи андоми ман аз дард , макон захм аст

Чора ӣ дарди дилами ковуши мижгон ту кард

Ин ғалат бӯда ки алмоси зиён захм аст

Захм аз бас ба сари захм буд бар дили ман

То ҷигари тири ту онҷо ба миён захм аст

Боварам нест ки то рӯз қиёмат баравад

Ҳасрат рӯй ту дар дил чу нишон захм аст

Марҳам аз захм дилам мекашад озори салим

Бесабаб нест агар душмани ҷон захм аст