Бо муддаӣ гузаштаам бар канори баҳс
Дар кӯии ишқ шуъла надорад ба хори баҳс
Аз баҳри ҳали масаъла ӣ дайн агар буд
Бо аҳли ин замона макун зинҳор баҳс
Мустанади аҳли мадриса , зон баҳс ме кунанд
Варна чаро кунад ба касе ҳӯшёри баҳс
Дар гулшанӣ ки ҳосилаш аз барқ ва шуъла аст
Беҳуда мекунанд хазону баҳори баҳс
Мисатон кунанд дар сармастӣ ба ҳар низо
Ман мекунам ҳамеша ба вақти хумори баҳс
Майхона нест мадриса , ин гуфтугӯ бас аст
Зоҳид бигир ҷом майу вогузори баҳс
Мо сулҳи кули салим ба ҳар фирқа карда ем
Бо кас кунад касе чаҳ дарин рӯзгори баҳс ?