Ишқро дар қайд дорад пайкари ранҷури мо
Гашти занҷири сулаймон , нақши пои мӯри мо
Пӯсти тахти фақри моро маснади озодагии сет
Подшоҳ вақт хешему ҷунуни дастури мо
Бар сар хон муҳаббат ҳар чаҳ хоҳӣ ҳозир аст
Нағмаи сайр оҳанг шуд аз коса ӣ тнбўри мо
Хотир аз осоиш олам макун хуррам ки нест
Судӣ аз наздикии манзил ба роҳи даври мо
Бас ки дар таъмир мо дорад тағофули рӯзгор
Хишт , тарсам хок гардад бар сари муздури мо
Об мегуфт оташ ва май мард аз лаби тишнагӣ
Дар мизоҷаш кор кард аз баси кабоби шӯри мо
Маъбади ошиқи шаҳодатгоҳ худ бошад салим
Дорро миҳроб тоъат мекунад Мансури мо