Дар чамани дӯши сабои буии ту савдо ме кард

Гул ба каф дошт зару ғунчаи гиреҳ вомӣ кард

Сарви қади ту зи берун чу хиромон бигузашт

Чаман аз рахнаи девор тамошо ме кард

Натавон ком ба зӯр аз лаб маъшӯқ гирифт

Гар муяссар шудӣ ин кор , Зулайхо ме кард

Гӯшагирӣ чу ман айёми надидаи сет , куҷост

Онкии доими ҳавас дидан анқо ме кард

Рухсати гиря маро нест , вагарна мижа ам

Хандаи мавҷ , гиреҳ бар лаб дарё ме кард

Ончӣ дар ҳавсила гунҷад ба талаб ,гар Мӯсо

Зуди биҳуш наме гашт тамошо ме кард

Натавонам ки кашами миннати бегонаи салим

Чораи дарди дилам варна масеҳо ме кард