Қафаси туро чу хуш афтод ба зи боғ буд
Гуласт шуъла касеро агар димоғ буд
Дарин чаман ба гулами завқ ошноӣ нест
Ба лолаи гармии ман аз барои доғ буд
Дилам гудохт чу аз бода рӯй ӯ афрӯхт
Баҳори субҳ , хазони гули чароғ буд
Аҷаб ба суҳбати гулгар сараш фурӯд ояд
Ҳавои васли ту онро ки дар димоғ буд
Куҷо шукуфта шавад дили салим берух ӯ
Чаҳ шуд ки гул ба кафу бода дар аёғ буд