То кӣ буд зи роҳи хато , печу тоби мо
Ёрб куҷост ҳодии роҳи савоби мо
Оташ задем ва чун пар парвона сӯхтем
Ҳарфи хато , ба об нарафт аз китоби мо
Олами зи куфри ҳамчуи дили шаб сиёҳ шуд
Кӣ бошад онкӣ теғ кашад офтоби мо
Ҷони интизори мақдам хуршед ме кашад
Чун шамъ субҳ нест абаси изтироби мо
Узри гунаҳ ба ҳашар буд лутф ӯ салим
Оҷиз намешавад дили ҳозири ҷавоби мо