Гул аз ҳавои ту дар ранг ва бӯ наме гунҷад

зи шавқи лаъли ту май дар сабу наме гунҷад

Чу мӯ заъиф шудам дар ҳавои суҳбати ту

Вале миёни туу ғайр , мӯ наме гунҷад

Дар ошнои дилҳо чаҳ боисӣ бояд

Ки дар миёни ду ойӣна рӯ наме гунҷад

Фузуни зи тоқати Мансур буд мастии ишқ

Шикваи сайли баҳорӣ ба ҷӯ наме гунҷад

Салими заҳмати беҳуда май кашанди аҳбоб

Ба захми синаи тангам руфӯ наме гунҷад