Қадами ҳаркас ба роҳ ӯ наад манзил наме хоҳад

Ба ин баҳр онкӣ гардад ошно , соҳил наме хоҳад

Азон чун мурғи бсмл май тапам дар хоку хӯни доим

Ки баъд аз марги ҳам осӯдаам қотил наме хоҳад

Қабули хотир эй ҳамдам ба даст кас наме бошад

Туро бисёр ман мехоҳам , аммо дил наме хоҳад

Бинозам аҳли ҳимматро ки эҳсони Карими мо

Ду оламро ба миннат медиҳад , соил наме хоҳад

Ҳарам аз пеши роҳи ошиқони гӯи як тараф биншин

Ки чун реги равони ин корвон манзил наме хоҳад

Ба танҳои марои ҳам суҳбатон эй кош бигузоранд

Чароғи лоларо саҳрост хуш , маҳфил наме хоҳад

Ҷаҳони сомони худро айби пӯш ноқисон дорад

Ки пои хешро товуси ҷуз дар гул наме хоҳад

Салим аз нолаи худро ҳар нафаси орм ба ёд ӯ

зи худ мурғи қафаси сайёдро ғофил наме хоҳад