Парвонаро чу мурғ чаман нест тоби гул
Ҷонсӯзтар зи оташ шамъаст оби гул
Ҳаргиз чунон нашуд ки з бе баррагии чаман
Аз раҳн мефуруш барояд китоби гул
Дар гулшанӣ ки чеҳра бар афрӯхт шамъи мо
Мисатон намехуранд ба ғайр аз кабоби гул
Шуд пора то ба гӯши зи хамёзааш даҳан
эй дил магӯ хумор надорад шароби гул
Ҳргаҳ ба сӯии боғ , ту эй сарв бигузарӣ
Мурғи чаман хаҷал шавад аз изтироби гул
Омад баҳору шӯри ҷунуни фитна соз шуд
Дорам дилӣ чу хона ӣ булбули хароби гул
Хайл баҳор мераваду ҷом дар видоъ
Ҳамчун гули пиёдаи дӯд дар рикоби гул
Моро ба кори ҳасани салим имтиёз нест
Булбул намекунад ба чамани интихоби гул