Магар уфтад гузораши сӯии он гул

Бабандам номае бар боли булбул

Туро ҳаргоҳ бинад дар гулистон

Парешоне равад аз ёди сунбул

Нигаҳ : пайкони тири кӣнаи ҷӯӣ

Табассум : ҷавҳари теғи тағофул

Чу ояд дар чамани он сарв , хезад

Паии таъзим ӯ , ранг аз рухи гул !

Чу зулф эй дили канории гир , то кӣ

Наҳй сар дар паии хубон чу кокул

Салим ӯро чу истиғно баланд аст

Таваҳҳум ӯро чу май бинӣ , тағофул