Мо чу мурғони қафас , замзама дар дил дорем
Дар пару бол задани одат бсмл дорем
Чун ҷарас , байзаи фӯлод ба фарёд ояд
Гар зи лаб сар занад он нола ки дар дил дорем
Узри мо гарми равони сустии тавфиқ бас аст
Дар биёбони талаб , ҳамраҳ комил дорем
Дона ӣ хирмани мо байза ӣ мӯраст тамом
Дили мо хуш ки дарин мазраъа ҳосил дорем
Мо дарин баҳр на мавҷ ва на ҳубобем салим
Чашм бар варта ҳамеша , на ба соҳил дорем