Субҳ чун майли тамошоӣ гулистон ме кунем

Сари бурун чун ғунча аз чок гиребон ме кунем

Ҳоли мо ошуфтагон дар кори олам ибрат аст

Ҳамчуи гули таъбир ҳар хоб парешон ме кунем

Ҳам нишин гиряд ба вақти марг бар болини мо

Мо видоъ ӯ чу шамъи субҳ , хандон ме кунем

Бас ки бе дардии зи аҳли ин гулистон дида ем

Чокҳои синаро чун ғунча пинҳон ме кунем

Гарчи оҷизи дидае моро , зи мо ғофил мабош

Қатраи ашки асироним , тӯфон ме кунем

Ҳаркии дам аз кӣна мо зад , муҳайёӣ фаност

Хасм май пӯшади кафан то теғ урён ме кунем

Дар дили озории зи якдигар ҳарифон бадтаранд

Кор чун бо ғунча уфтад , ёд пайкон ме кунем

Бас ки дар ишқ аз паии сомони худ афтода ем

Доғ агар дар даст мо бошад , намакдон ме кунем

Завқи гулгашти хуросон рафтааст аз ёди мо

Дар саводи ҳинд , сайри боғ зоғон ме кунем

Гул ба доман мекунанд аҳбоб дар гулшани салим

Ҷои гули мо пораҳои дил ба домон ме кунем