Агар рӯзӣ ,нигорамро сӯии бустон , гузор уфтад

Ҳамоно бар гули рӯйиш , чу ман , ошиқ , ҳазор уфтад

Бихандади ғунча бар лола , чу лаълаш , дар калом ояд

Бипечад бар самани сунбул , чу зулфаш , бар изор уфтад

Зиришки лолаи рӯйиш , саман бар хок , биншинад

зи шарми сунбули зулфаш , бунафша , сӯгвор уфтад

Ба гирд дида мегардад ки то рӯй ва лабаш бинад

Дили ман зон миён , тарсам , ки нои гуҳ бар канор уфтад

Ҳронкси кони лабу дандон чу ёқӯт ва чу дар бинад

зи чашмаш бе гумони лўлўу лаъл обдор уфтад

Вар аз чини лаби зулфаш , сабо , бӯе ба боғи орад

Чаман аз накҳаташ , бар лодану машк ттор уфтад

Биафтад бори андӯҳи фироқаш , аз дили салмон

Варогар назд он танги шукри як лаҳза , бор уфтад