Дили насиб аз гули рухсори ту , хорӣ дорад
Хотир аз раҳгузарат , баҳра ғуборӣ дорад
Дида дар хилвати васл ту надорад , роҳӣ
Кор , кори дил тангаст , ки борӣ дорад
Ғам айём хӯрам , ё ғами худ , ё ғами дӯст ?
Ғам ман нест аз он ғам ки шуморӣ дорад
Дӯши сад бор ба теғ мижа ам зад чашмат
Ки ба ҳар гӯша чу ман кушта , ҳазорӣ дорад
Гила кардам , даҳанат гуфт : магӯ ҳеҷ ки ӯ
Маст буд , имшабу имрӯз хуморӣ дорад
Олимии ғарқаи дарёии ҳаво ва ҳавасанд
Ҳар касе хотири ёрӣ ва диёрӣ дорад
Зини миён , хотири осӯда касе рост ки ӯ
Домани дӯст , гирифтаст ва канорӣ дорад
Баҳр , меҷӯшаду ҷуз бод надорад дар каф
Садаф оварда ба каф , дар ва қарорӣ дорад
Пои бод аз паии он , ҳар нафасӣ май бӯсам
Ки ба хоки сари кӯии ту , гузорӣ дорад
Нест дар кӯии ту корӣ , дгаронро лекин
Бо сари кӯии ту салмон , сарукорӣ дорад