Доми зулфи ту ба ҳар ҳалқа , танобӣ дорад

Чашми масти ту ба ҳар гӯша , харобӣ дорад

Наргиси масти хушат , гарчи чу ман бемор аст

эй хушо наргиси масти ту ки хобӣ дорад

Расани зулфи ту дар риштаи ҷони ману шамъ

Ҳар як аз оташи рухсори ту , тобӣ дорад

Хӯнами аздидаҳ аз он рехт ки то занн набарӣ

Ки буриши мардуми соҳиби назар обӣ дорад

Ҳоли заъфи дили сўдоздаҳи худ , ба табиб

Гуфт салмону таманноӣ ҷавобӣ дорад