эй карӣмӣ ки чун насими саҳар

Боғи халқи туро ҳаво дорам

Чун гулу булбул аз анояти ту

Кор бо барг ва бо наво дорам

Гар ба дарга наомадам ду се рӯз

Ман дарин боб узрҳо дорам

Дард пое фитод бар сари ман

Ман сари дарди по куҷо дорам

Буд дар хотирам кигар рӯзӣ

Набӯд чорпои ду по дорам

Пой низам з даст рафт ва кунун

На ду пой ва на чорпо дорам

Агарам по намедиҳад ёрӣ

Ки ҳақи неъматат адо дорам

Бар дуо дорам аз барои ту даст

Чаҳ кунам даст бар дуо дорам

Ту бимон аз барои ман ба ҷаҳон

Ки ман андари ҷаҳони туро дорам