Сипеҳри фазлу ҳунари шамси дайн ки шамсу қамар

Ҷуз аз ғубор дарат тўтё нахоҳад кард

Сафои нияту сидқи ту субҳ агар бинад

зи шарми даъвии сидқ ва сафо нахоҳад кард

Бурид боди баҳорӣ ба буии нофаи машк

Ба аҳди халқи ту фикр хато нахоҳад кард

Хуҷастаи рои ту гӯйии з рӯй лутф ҳануз

Назар ба ҳоли парешон мо нахоҳад кард

Табиби халқи ту дардӣ ки дар дарун ман аст

Ба ҳасани тарбияти онро даво нахоҳад кард

Дар ту млҷо фазласту бандаи ҷуз ба дарат

Ба ҳеҷ ҷой дигар илтиҷо нахоҳад кард

Агар чаҳ ин қадарами худ муҳаққиқаст ки кас

Ба саъии кори хилоф қазо нахоҳад кард

Вале ризоӣ ту ҷӯям аз онкӣ ме донам

Қазои хилофи ризоӣ шумо нахоҳад кард

Гирифтам онкии дуъогӯ барои сози сафар

Ҳадиси хаймау асб ва қабо нахоҳад кард

Қурозае ки дарин муддат аз мусулмонон

Ситондааст раҳе то адо нахоҳад кард

Яқин бидон ки ғурем мшнъ бе шарм

Ба ҳеҷ роҳи раҳеро раҳо нахоҳад кард

Муҳақарӣ ки баномам муқарараст имрӯз

Бўҷаҳи ҳеҷ мъомл вафо нахоҳад кард

Равои мадор ки ҳоҷоти бандаро ба касе

Кунӣ ҳавола ки доне раво нахоҳад кард

Ҷаҳон ба коми ту бодо ки банда то зинда

Буд ҳамеша ҷузи инат дуо нахоҳад кард