Шунидам шуд зи мағрурӣу мастӣ

з бар дастии дучори зердастӣ

Накард андеша аз даҳри ду рангӣ

Бузад бар фарқи он бечораи сангӣ

Равон гардид хӯн аз ҷои сангаш

Набӯд йени мард чун ҷои дирангаш

Гирифт он сангу маҳзун аз замона

Ба сӯии манзил худ шуд равона

Қазоро гашти андари даргаи шоҳ

Ҳамон золими зи мағзубони даргоҳ

Ба зер оварад аз аврангу ҷоҳаш

Ншмин дод дар зиндону чоҳаш

Чу андар кунҷ занадонаш мақар шуд

Ҳамон мазлӯм аз вай бохабар шуд

Сӯии зиндон равон шуд бо дили танг

Бузад аз қаҳр бар фарқаши ҳамон санг

Биноледу бзорид ва фиғон кард

Хурӯш бе касе аз дил баровард

Ки эй бераҳм кам фурсат ки будӣ

Ки бар доғи дилам доғӣ фузудӣ

Бигуфто он касам каз зердастӣ

Серум аз санг бе бокӣ шикастӣ

Дар он рӯзӣ ки бар сар санг хӯрдам

Намудем сабр ва бетобӣ накардам

Чу омад домани фурсат ба дастам

Серум бишикастӣу фурқати шикастам

зи нахли саркаши худ мива хӯрдӣ

Сазоӣ кардаҳои хеши барадӣ

Ғаразгар хоҷау ҳукмронӣ

Мадаи озори кас то май туоне

Гирифтам ман ки норад бар ту каси даст

Худои додхоҳӣ дар миён ҳаст

Магар эй бехабар аз кини шиорӣ

Хабар аз оҳи мазлӯмони надорӣ

Кигар мазлӯм баҳр дод хоҳӣ

Шабӣ оҳӣ кашад ё субҳгоҳӣ

Худоро барқи ғайрати брФрўзд

Туро то ҳар куҷо хоҳад бисӯзад

Балӣ ( сомит ) сазои ҷанг ҷанг аст

Кулӯх андозро подош санг аст