Дило ба касби саодат чаро шитоби надорӣ

Ғами ҷавонӣу перӣ ба ҳеҷ боби надорӣ

Чаҳ шуд туро ки муҳибон тамом рафт ва ту танҳо

Хаёли риҳлат аз ин манзили хароби надорӣ

Матоъи умри азизи ту сарф шуд ба битолат

Ба рӯзгори биҷуз майл хӯрду хоби надорӣ

зи иртикоби маосӣ ҳамеша бе худу мастӣ

Хабари зи дӯзаху ҳангомаи азоби надорӣ

Ба хӯн бегунаҳон бе ҳисоби панҷаи мёлоӣ

Аҷаб ки воҳима аз мавқифи ҳисоби надорӣ

Чигуна сабр кунӣ дар ҷазо ба оташи дӯзах

Дар ин ҷаҳон ки дамии тоби офтоби надорӣ

Ки додааст туро дар замонаи ин ҳамаи ҷуръат

Ки мекунӣ гунаҳу хавф аз уқоби надорӣ

Барои зодраҳ ( сомит ) эй сиришки шитобӣ

Бдо ба ҳоли ту эй дида аз чаҳ оби надорӣ