Ҳар ки ба кафи қӯти субҳ ва шом надорад
Роҳатӣ аз зиндагӣ ба ком надорад
Дар бар ағёру ёр ҳеҷ надорад
Марди тиҳии даст эҳтиром надорад
Гар буд аз насли мъну ҳотами вқоон
Назд касе исму расм ва ном надорад
Шамъи ҳаёти вай аз шамотати душман
Ҷузи нафасии бештар давом надорад
Ҳар ки фақираст ғайр аз онкии бимирад
Захми даруни вай илтиём надорад
Давлати дунё ба харҷ меравад имрӯз
Кор ба ширинӣ калом надорад
Ҷомаи чиркин фақр ҳар ки ба бар кард
Ҳеҷ касаши рағбат салом надорад
Даҳр чарогоҳ ағниёст ки ҳастанд
Ҳамчуи харии гӯ ба сар лаҷом надорад
Ғайри худои хуш ба ҳоли онкӣ чу ( сомит )
Чашми таманнои зи хос ва ом надорад