То шефтаи оризи гулранги фалонам

Аз дарди хамида чу сари чанги фалонам

Танги сети ҷаҳон бар ман бечораи ғамгин

То ошиқи чашму даҳани танги фалонам

Гуҳ ҷанг кунад бо ману гуҳ сулҳ кунад боз

Ман фитна бар он сулҳ ва бар он ҷанги фалонам

Бисёр бидидам ба ҷаҳони сангдилон ро

Оҷиз шуда он дил чун санги фалонам

Гунгаст забонаш ба гуҳи гуфтани лекин

Ман шефтаи он сухани гунги фалонам

Қавлаш ҳама зарқаст ба наздики сенае

Ман бандаи зроқӣу найранги фалонам