Ба сифат гарчи нақш бе ҷонам

Ба нигорӣу ошиқии монам

Гуҳ чу ушшоқи ҷуфти сад мотам

Гуҳ чу маъшӯқи ҷуфти сад ҷонам

Ба давр нагум чу рӯйу мӯӣ нигор

Зон ки ҳам куфрам ва ҳам имонам

Гар ба шаклам нигаҳ кунӣ инам

Вар ба хатам нигаҳ кунӣ онам

Гуҳ чу болои ошиқони кўжм

Гуҳ чу лабҳои ёри хандонам

Гуҳи хамида чу қади ушшоқам

Гуҳи шикаста чу зулфи ҷононм

Сифати хаду зулфи маъшӯқам

Тоҷи сарҳои ошиқон зонам